Дар ноҳияи Кӯшониён дар 320 гектар гармхона бунёд карда шудааст

Апрель 5, 2025 09:24

ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар 320 гектар гармхона бунёд намудаанд, ки дар он сабзавоти ба талаботи бозори истеъмолӣ мувофиқ кишт мегардад. Дар айни замон дар ин гармхонаҳо коркард ва банду басти сабзавоти барвақтӣ, аз қабили бодиринг, помидор ва қаламфури булғорӣ идома дошта, нашъунамо дар ҳолати хуб қарор дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳамасола дар ин гармхонаҳо даҳҳо номгӯй сабзавот кишту парвариш гардида, бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин мегарданд.

Сокини Ҷамоати «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи  Кӯшониён Ҷӯрабой Аслев дар 12 садяк замин, ки аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигияш аст, гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Ҳоло дар он бодиринг ва помидор парвариш карда мешавад. Дар ин гармхона аллакай ҷамъоварии ҳосили бодиринг оғоз гардидааст.

Хоҷагидорони ноҳия дар аксар заминҳои корами обӣ ба кишти пунбадона оғоз намудаанд. Кишоварзон имсол навъҳои пунбадонаи «Майа» ва «Флора» кишт кардаанд, ки тибқи тавсияи мутахассисон ин навъҳо ба заминҳои ин минтақа мувофиқ мебошанд.

Тибқи иттилои саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоло дар беш аз 5 гектар картошка кишт шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 5, 2025 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»