Дар ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Спитамен яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ба шумор меравад. Кишоварзони ноҳия ҳар сол бо иҷрои дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳи пахта ба даст меоранд.
Имсол аз ҷониби ширкати «Спитамен Текстайлз» дар 2200 гектар пунбадона кишт карда мешавад. Барои ҷамъ овардани ҳосили босифат навъҳои тухмии ба минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода мешаванд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он дар таъмини бахши саноат бо ашёи хоми зарурӣ, фаро гирифтани сокинон бо ҷойи кор ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






