Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Аз ҷониби ҳайати Раёсат ва зерсохторҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҷашнгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ тибқи оинҳои қадимии ин иди бостонӣ ташкил гардиданд. Инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз ба унвони рамзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву накӯкорӣ ва эҳтиром ба табиату неъматҳои он дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ аҳамияти бузурги фарҳангию маънавии худро ҳифз намуда, омили муҳими муттаҳидсозандаи миллатҳо ба шумор меравад.
Иштирокдорони ҳамоиш аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз ёдовар шуданд.
Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: «дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташкил додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаю нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад».
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси виляти Суғд








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






