Дар шаҳри Душанбе оид ба рушди китобҳои бачагона ҳамоиш доир гардид

Апрель 11, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои рушди адабиёти бачагона Муассисаи давлатии нашриявии «Адабиёти бачагона» таъсис дода шуда, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шавад. Ин матлаб 10 апрел зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Китоб ҳамчун рукни асосии тарбияи насли наврас» баён гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» доир гардид. Дар он дар бораи чопи китобҳои бадеӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва баланд бардоштани  қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон мубодилаи афкор карда шуд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, ки зербинои ҳар давлат аз тарбияи насли нав вобаста аст. Дар ин самт дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба шахсиятҳои таърихии миллат аз ҷониби наврасон муҳим ҳисобида мешавад.

Ҳамчунин дар ҳамоиш пешниҳод гардид, ки таҳия ва таълифи китобҳои бачагонаи бадеӣ, илмӣ-маърифатӣ ва асарҳои нотавӣ  бо назардошти ба эътибор гирифтани хусусияти синнусолии кӯдакону наврасон зиёд гардад. Инчунин барои бозгардонӣ ва тавзеҳнамоии асарҳои классикӣ мутобиқи зеҳну фаҳми кӯдакону наврасон, омода намудани осори бадеӣ ва тарбиявии классикони тоҷику форс бо ороиши рассомони муосири тоҷик, тарҷума ва чопи осори бачагонаи ҷаҳонӣ дар баробари осори бачагонаи миллӣ, инъикоси  дастовардҳои замони мусоир ва ба ин васила пешгирии таъсири афкори зараровар ба шуури наврасону ҷавонон тадбирҳо андешида шаванд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад