Дар шаҳри Панҷакент Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад

Апрель 26, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри бостонии  Панҷакент Боғи  фарҳангию фароғатии ба  номи Абулқосим Фирдавсӣ- муаллифи шоҳасари безаволи «Шоҳнома» бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Боғи Абулқосим Фирдавсӣ дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Панҷакент, дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозӣ бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа, тарҳи майдон ба асбоби мусиқии тор шабоҳат дошта, он аз дарвозаи муҳташам, муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, деворнигораҳо, муҷассамаҳои қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла Рустаму Сӯҳроб, аспҳое, ки дар ин шоҳасар тасвир шудаанд, роҳраву нишастгоҳо ва фаввораҳо иборат хоҳад буд.

Роҳбарияти шаҳри Панҷакент бо сохтмони боғ шинос шуда, ба  бинокорони ширкати «СУ-3», ки ба гузоштани таҳкурсии майдони боғи оянда ва роҳравҳои он машғул ҳастанд, барои мутобиқ ба лоиҳа ва бо сифати баланд бунёд намудани Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ маслиҳат доданд.

«Ин боғи зебо, ки рамзи арҷгузорӣ ба таърихи ғановатманди миллат, бузургтарин ҳамосасарои адабиёти тоҷику форс ва ҷаҳон Абулқосим Фирдавсӣ аст, ояндаи наздик ба ҷои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил хоҳад ёфт»,- хабар медиҳад манбаъ.

  АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

 

Апрель 26, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд