Дар Тоҷикистон бар зидди хуруҷи малах чӣ гуна мубориза мебаранд?

Апрель 13, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. То 4 апрел дар 4640 гектар заминҳои ноҳияҳои ҷануби мамлакат паҳншавии малах сабт карда шудааст. Ин ҳашарот на танҳо ба зироати кишоварзӣ, балки ба боғу токзор ва чарогоҳҳо низ зарар мерасонад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имсол тибқи нақша дар 128 ҳазору 545 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида мешавад. То имрӯз 4628 гектари он  коркард шудааст.  Барои коркарди кимиёвӣ 13 трактори дорупошӣ, 11 мошин, 181 дорупошаки дастӣ ва моторӣ ва 228 нафар корманд ҷалб гардиданд.

Ба иттилои мутахассисон, дар ҷаҳон беш аз 20 000 намуди малах сабт гардида, дар Тоҷикистон тақрибан 130 намуди он вомехӯрад.  Асосан бо тағйирёбии иқлим ва гарму хушк омадани фасли зимистон ин навъи ҳашарот бештар мешавад.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Фирдавс Қодирзода иброз намуд, ки аз рӯи хусусияти афзоишу инкишоф малахҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: малахҳои галагӣ ва ғайригалагӣ. Ба гурӯҳи малахҳои галагӣ он намудҳое дохил мешаванд, ки дар макони зисташон бо шумораи зиёд ба қайд гирифта мешаванд.

Малах панҷ давраи кирминакӣ дорад. Аз як синн ба синни дигар гузаштан вобаста ба обу ҳаво аз 9 то 14 рӯз давом меёбад. Давраи пурра болдоршавӣ охирҳои моҳи май мушоҳида мегардад. Баъд аз пурра болбарорӣ давраи ҷуфтшавиро гузаронида, ба тухмгузорӣ шуруъ менамояд. Тухмҳоро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, дар хоки сахти ҷойҳои регзори заминҳои қумӣ дар чуқурии аз 4 то 5 сантиметр мегузорад.  Агар дар давраи якум ва дуюми он макони ҷойгиршавии онҳо мушаххас карда шуда, корҳои кимиёвӣ гузаронида шаванд, нест намудани онҳо имкон дорад. Зеро дар ин давра онҳо бо ҳам зич ва имкони васеъ паҳн шудан надоранд. Вале агар давраи 3 ё -уми он оғоз гардад, дар ин ҳолат нест намудани онҳо хеле мушкил аст. Чунки дар ин давра онҳо хуб инкишоф ёфта, иммунитети онҳо мустаҳкам мегардад ва 1 малах дар як гектар баробари 3 вазни худ зироатро истеъмол менамояд. Модинаи ин ҳашарот аз 5 то 7 см ва наринаи он то 4,5-5 сантиметр дароз мешаванд. Малахи модина дар мавсими тухмгузорӣ аз 1 то 3 ғӯза тухм мемонад, ки дар дохили як ғӯзаи он аз 18 то 42 тухми малах мавҷуд аст.

Ба иттилои мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳое, ки барои гузаронидани коркарди кимиёвӣ дастнорас мебошанд, тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо мефарояд.

Ба ин гурӯҳи малахҳо даҳ намуд мансуб мебошад, ки дар Тоҷикистон 3 намуди онҳо сабт шудааст — пруси итолиёвӣ (Calliptamus italicus), малахи марокашӣ (Dociosturus maroccanus) ва малахи осиёӣ ё кӯчанда (Locusta migratoria). Намудҳои боқимонда ба гурӯҳи малахҳои ғайригалагӣ мансуб мебошанд.

Ҳангоми истифоди микромаводи биологӣ бар зидди малах танҳо худи он нобуд гашта, дигар намуди ҳашарот, хазандагон, парандагон ва дигар мавҷудоти зинда осеб намебинад. Ҳангоми истифодаи чунин усул муҳити экологӣ безарар боқӣ мемонад.

Ба тавсияи мутахассисон, малахи марокашӣ на сарҳад дораду на макон, аммо ин ҳашароти зараррасон бо мурури солҳо ба иқлими ҳар минтақа мутобиқ мешавад. Агар солҳои пеш давраи инкишофу паҳншавии малахи марокашӣ 60-65 рӯз давом мекард, пас солҳои охир давраи хуруҷи ин ҳашароти зараррасон дар минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон то 100-110 рӯз идома меёбад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ хуруҷи малахро яке аз офатҳои табиӣ унвон менамоянд.  Зеро галаи малах дар як шабонарӯз зиёда аз 30 километр роҳро тай карда, тамоми рустании дар сари роҳаш бударо нобуд мекунад. Дар давраи афзоиш дар як метри мураббаъ адади малах то ба 1000 мерасад, ки 1 миллион гектарро пахш менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000 барои ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуд
Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда ба маблағи 43,2 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад