Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон меояд

Апрель 26, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй ба Тоҷикистон ташриф меорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин сафар мулоқоту вохӯриҳои  роҳбарони як қатор  вазорату идораҳои мамлакат бо Тсюй Дунъюй пешбинӣ шудааст.  Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳамчунин  бо фаъолияти ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» шинос гардида, аз  дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки барои ворид гардидан ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пешниҳод шудааст, боздид ба амал меорад.

Тсюй Дунъюй дар давоми сафари корӣ бо намунаи санъати нодири меъморию шаҳрсозии  мардуми тоҷик  дар Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» шинос шуда, аз   Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ дидан менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 25 апрели соли 2024   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим бо директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот асосан масоили ҳамкории Тоҷикистон  бо ин ниҳоди муҳими  Созмони Милали Муттаҳид дар  соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  аз ниҳодҳои муҳими байналмилалие мебошад, ки соли 1945 дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири мубориза ба гуруснагӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис шудааст. Дар айни замон 194 давлати ҷаҳон аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.Қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рими Италия ҷойгир аст.

АКС аз манбаъҳо боз 

 

 

Апрель 26, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд
Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид