Дурнамои тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2025 табодули мол байни Тоҷикистон ва Эрон 111 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 42,9 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта дар мулоқоти муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода таъкид гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Завқӣ Завқизода гуфт, ки мулоқоту суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-17 январи соли 2025 баргузор гардид, ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни давлатҳо такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки татбиқи босамари «Барномаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030» барои густариши савдои мутақобил шароити мусоид фароҳам овардааст. Бо иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ҳар ду давлат ва ҳамкории мутақобили судманд соли 2024 гардиши савдои хориҷии дуҷониба ба 378 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2023 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон дорои имконияти васеъ барои бунёди корхонаҳои саноатии муштарак дар самти истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, саноати кимиёвӣ, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра буда, истифодаи қувваи кории нисбатан арзон ва энергияи «сабз» ба таъмини рақобатпазирии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо таваҷҷуҳи хосса рушди ҳамкории дуҷонибаро ёдовар шуда, барои истифода бурдани долонҳои транзитӣ, баргузории намоишгоҳҳо ва иштироки бахши хусусӣ дар он, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо барои истифодаи пурраи имконоти мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ибрози назар намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






