Душанбе мизбони конфронси III минтақавӣ оид ба ҷанбаҳои рушди устувори таҳсилоти касбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10-11 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» конфронси III минтақавии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ташкилкунандагони конфронс Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (PECA) мебошанд, ки аз ҷониби Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ) бо супориши Ҳукумати Олмон амалӣ мегардад.
Дар ҳамоиш зиёда аз 160 мутахассиси соҳаи маориф ва ҷомеаи соҳибкорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки конфронс ҳамчун платформа барои мубодилаи таҷриба ва донишҳои коршиносон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ҳамкорони онҳо аз Иттиҳоди Аврупо хизмат намояд. Дар доираи конфронс маҷмуаи электронии мақолаҳои илмӣ, ки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ-амалии беш аз 50 муаллифро дар бар мегирад, пешниҳод карда мешавад. Мавзуъҳои муҳими ин таҳқиқот ба масъалаҳои таълими касбӣ, тамоюлҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи таҳсилот бо назардошти гузариш ба иқтисоди «сабз», ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши хусусӣ, рақамисозии таълими касбӣ ва таъмин намудани сифати таҳсилоти касбӣ бахшида шудаанд.
Дар рӯзи дуюми конфронс барои иштироккунандагон дарсҳои маҳорат оид ба пешбурди навовариҳо тавассути таҳқиқоти донишгоҳӣ, дастгирии таҳсил дар соҳаҳои эҷодӣ, рушди низоми устодӣ-тарбиятгарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти касбӣ баргузор мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






