Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Норбоева мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории мутақобил байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барои нигоҳ доштани субот ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Вазифаи мо идома додани тавсеаи ин робитаҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад.
Махсусан имзо ва табодули санади муҳими таърихӣ – Протоколи табодули Ратификатсияи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба муносибатҳои иттифоқӣ бо иштироки роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд, имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвасти марзҳои давлатии се ҷумҳурӣ таъкид гардид.
Ҳамкории самарабахш байни парлумонҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, балки фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ташаббусҳои нави муштарак мусоидат мекунад. Вакилони парлумони ҳар ду ҷумҳурӣ дар қабули қонунҳо ва қарорҳое, ки субот ва рушди муносибатҳои моро ба таври дарозмуддат таъмин мекунанд, нақши калидӣ доранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҳамчунин бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгон мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки вақте ки вазъ дар якчанд минтақаи ҷаҳон хеле муташанниҷ боқӣ мемонад, иҷрои самараноки рисолати Иттиҳоди байнипарлумонӣ танҳо тавассути муттаҳид намудани кӯшишҳои қонунгузорон, таҳкими эътимод ва риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар корҳои ҷаҳонӣ имконпазир аст. Нақши созандаи Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар ин раванд истисноӣ аст.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҳамчунин бо ноиби Раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳоҷӣ Бобоӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






