Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал гардиданд

Апрель 30, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 70 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯйи фанҳои табиӣ-риёзӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Шоҳигарии Малайзия баргузор гардид. Дар он намояндагони беш аз 20 давлати дунё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Олимпиада дар татбиқи бандҳои дахлдори барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» саҳм мегузорад.

Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки хонандагон ба фазои олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ворид гардида, таҷрибаи давлатҳои пешсафро омӯзанд. Ба ин восита онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи кофӣ меандӯзанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

 

 

Апрель 30, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид