Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи дуюми математикии Туркманистон сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд

Апрель 30, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 апрел дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Олимпиадаи дуюми математикии Туркманистон баргузор гардид, ки дар он ду хонандаи тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар Олимпиадаи дуюми математикии Туркманистон, ки байни 14 давлат баргузор гардид, аз Тоҷикистон 15 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз ин шумора 3 нафар хонандаи Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Зимни олимпиада ду хонандаи синфҳои 9-уми Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе- Иброҳим Халифаев сазовори  ҷойи дуюм ва Аҳмадшо Садриддинзода сазвори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибият ва ба дастовардҳо ноил гардидани хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нишони он аст, ки соҳаи маорифи ҷумҳурӣ маҳз бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт назаррас буда, дар радифи дигар давлатҳои тараққикардаи дунё рақобатпазир мебошад.

Ин дастовардҳо заминаи хуби моддию техникии  муассиса, сатҳи баланди касбияти омӯзгорони литсей, ҳамзамон зарфияти зеҳнии хонандагони литсей ба ҳисоб рафта, ин муассисаи таълимиро ҳамчун макони омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи асри муосир муаррифӣ менамояд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

 

 

Апрель 30, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид