Ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Пекин ва Душанбе-Гуанжоу баррасӣ шуд

Апрель 2, 2025 18:04

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг ва директори генералии ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» Ван Чжэн мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Пекин-Душанбе ва Душанбе-Гуанжоу-Душанбе ва хати нави ҳавоии аэронавигатсионӣ L181 (AGVUT) мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат ҳамкорӣ байни ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои ватании Чин (СОМАС) баррасӣ шуд.

Ма Бинг иброз дошт, ки Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омода намудани мутахассисони ботаҷриба дар тамоми самтҳои соҳавӣ ва вусъат додани ҳамкорӣ бо мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад.

Баргузории мулоқот дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Чин нақши муассир мегузорад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2025 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»