Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ғолиби даҳгонаи беҳтарин дастаҳои ҳаракати олимпӣ гардид

Апрель 10, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» барои фаъолияти босамар дар рушди ҳаракати олимпӣ, ҳамзамон ишғоли шумораи зиёди ҷойҳо дар даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар «Даҳгонаи беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии (типи нави) муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Натиҷагирӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии пойтахт дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим доир шуд.

Баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ яке воситаҳои самараноки дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат ба шумор рафта, дар такмили донишандӯзӣ ва илмомӯзии хонандагон нақши бориз мегузорад.


Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» раванди таълиму тадрисро вусъат бахшида, дар ин замина барои рушди дастаи ҳаракати олимпӣ ва муаррифии неруи зеҳнии хонандагон дар дохил ва хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 10, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид