Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мулоқот намуд

Апрель 30, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй дар   Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи аграрӣ Усмон Маҳмадёрзода вобаста ба робитаҳои байналмилалӣ ва таърихи пурғановати донишгоҳ ибрози назар намуд.

Тсюй Дунъюй аз истиқболи гарму ҷӯшони аҳли донишгоҳ ва мулоқоти самимӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, пешниҳод намуд, ки дар оянда ҳамкорӣ бо донишгоҳ  боз ҳам қавӣ гардад. Тсюй Дунъюй ба донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон муроҷиат намуд, ки дастуру супоришҳои сиёсатмадори бузурги давру замон- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ созанду ватанро сидқан дӯст доранд, дастовардҳои мамлакатро ҳифз намуда, забонҳои зиёдро азхуд намоянд.

Инчунин меҳмонон бо гармхонаҳои муосир, ки тавассути шарикони ҳамкор-Ташкилоти байналхалқии ТICA — и давлати Туркия ва Ассосиатсияи ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бунёд шудаанд, шинос шуданд. Ҳолати кунунии гармхонаҳо ва ҳосилбандии сабзавоти парваришшаванда писанди  меҳмонон гардид.

Меҳмонон дар осорхонаи донишгоҳ бо дастовардҳои факултетҳо, ҷоизаҳо, гӯшаҳои сайёҳии кишоварзӣ ва ғайра шинос шуданд.

 АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Апрель 30, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид