Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ноҳияи Данғара дар як рӯз иҷро гардид

Апрель 2, 2025 11:26

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони ноҳияи Данғара бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона гардиданд ва чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия дар рӯзи аввал иҷро шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Давоми солҳои охир сафи ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, афзуда, нақшаи даъват дар як рӯз 100% иҷро мегардад. Ин гуна ҷавонони боғайрати ноҳияи Данғара низ ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, сарбаландона адои хизмат менамоянд.

Дар ҳамоиши тантанавии гусели аскарон иброз гардид, ки ҳимояи неъматҳои муқаддас, чун озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.

Таъкид гардид, ки имсол дар даъвати баҳорӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидааст. Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ ва матонату ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.

Иброз гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша дӯстдори Ватану сарзамини худ бошанд, ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва худшиносу худогоҳ бошанд. Зеро танҳо андешаи солим, дӯст доштани Ватану миллат ва ҳар зарра хоки Тоҷикистон ҷавононро ба мақсад мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.

Дар ин замина раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо дарки масъулият дар ҳамбастагӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ташкил менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида,  охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Апрель 2, 2025 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид