Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми арбитражии Созмони ҳамкории Шанхай ва Чин иштирок намуданд

Апрель 29, 2025 10:32

ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Комиссияи байналмилалии арбитражии тиҷоратӣ ва иқтисодии Чин (CIETAC) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи мусоидат ба тиҷорати байналмилалии Чин дар вилояти Синзян 25 апрел дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Ҳамкориро дар соҳаи арбитраж тақвият бахшида, ба роҳи нав дар шароити волоияти қонун қадам мегузорем» Форуми Арбитражии Созмони ҳамкории Шанхай ва Чин баргузор гардид.

Тавре аз маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форум намояндаи ин минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои таҳкими табодули таҷриба ва ҳамкорӣ байни муассисаҳо, тартиби дастгирии судӣ барои арбитраж ва мусоидат ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражӣ дар минтақаҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Муассисаи давлатии маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

 

 

Апрель 29, 2025 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад