Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» санги асос гузоштанд

Апрель 1, 2025 14:01

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.

Ин боз як қадами устувор ба сӯйи рушди минбаъдаи соҳаи саноати маъдан, афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар ва содироти маҳсулоти ватанӣ мебошад, зеро ин нахустин корхонаи ғанигардонии маъдан дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ хоҳад буд.

Корхонаи мазкур ҷиҳати истихроҷ ва коркарди маъдани оҳану дигар маъданҳои ҳамроҳ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он бо сармояи ватаниву хориҷӣ бунёд ва бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад. Танҳо захираи маъдани оҳан дар ин кон наздики 60 миллион тонна мебошад.

Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин кон ҳамчунин, дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ истеҳсол хоҳад шуд.

Корхонаи мазкур натанҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронида шудааст.

Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ 600 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шуда, пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 2000 нафар бо кори доимӣ ва моҳонаи хуб таъмин хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини рафти сохтмон бо қуму шағал ва бетон дар дохили корхона коргоҳи истеҳсоли чунин маҳсулот мавҷуд аст.

Барои таъмини фаъолияти мунтазами корхона, сохтмони инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла хатти баландшиддати барқии 220 кВ ба масофаи 14 киллометр, хатти об аз 17 километр ва 15 километр роҳи мошингард идома дорад. Оянда ҳамчунин кашидани хатти алоҳидаи роҳи оҳан ба масофаи 30 километр дар назар аст.

Ҳамчунин, барои бинокорон хобгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои босамари корҳо, аз ҷониби корхона зиёда аз 200 техникаву таҷҳизоти пуриқтидори калон харидорӣ шуда, ба таври шабонарузӣ фаъолият доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар корхона ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, «Комбинати металлургии тоҷик» ва дигар муассисаҳои масъул барои иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ва ҷиҳати то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он супоришҳои мушаххас доданд.

Гузоштани санги асоси Корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 01.04.2025

Апрель 1, 2025 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд