ПИРЯХҲО ВА МАСОИЛИ ТАЪМИНИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ. Назари коршинос доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон

Апрель 8, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонӣ ба шумор рафта, он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири манфӣ дорад. Ба ғайр аз гармшавии бесобиқаи ҳаво дар кураи Замин, ки олимон инро ба афзоиши газҳои гулхонаӣ, бахусус гази ангидриди карбон дар қисмати болоии атмосфера рабт медиҳанд,  зуҳуроти метеорологии элнино, гарду чанги майдони хушкшудаи баҳри Арал, сиклонҳои гарм, обкушоӣ ва ҷоришавии об аз зери пирях низ аз омилҳои таъсиррасон дар обшавии босуръати пиряхҳо дониста шудаанд. Тазаккур бояд дод, ки бо таъсири ҳавои гарм миқдори обҳои  ҷоришаванда аз зери пирях зиёд мешавад ва пирях бештар «лағжанда» гардида, суръати ҳаракаташ меафзояд.

— Аҳамияти пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии захираҳои об масъалаи бунёдӣ аст. Вобаста ба ин обшавии пиряхҳо ва кам шудани шумораи онҳо боиси ташвиш буда, хатарҳои табиӣ ва экологиро дар пай дорад. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифз ва нигаҳдошти пиряхҳо аҳамияти махсус медиҳанд ва ин масъаларо бо ташаббуси панҷуми худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид матраҳ намуда, диққати давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намуданд. Созмони Милали Муттаҳид бо назардошти ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷмаи умумии худро қабул намуда (14.12.2022), соли 2025 – ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии  пиряхҳо эълон намуд.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода дар мақолааш «Аҳамияти байналхалқии соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои таъмини субот ва амният дар Авруосиё» чунин баён медорад: «Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст. Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани бориш ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст, ки ба обшавии пиряхҳо роҳ надиҳад. Дар ҳолати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд гардад ва ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ буда, захираи ягонаи оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвоноту наботот ҳам ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бе онҳо рушди зироаткорӣ ва таъмини инсоният бо ғизо дар ҷаҳон имконнопазир аст».

Ҳангоми бо нигоҳи омӯзишӣ нигаристан ба марҳилаҳои  инкишофи ҷамъияти инсонӣ як далели муҳимро сарфи назар наметавон кард, ки масъалаи об, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар таърихи инсоният ҳамеша масъалаи марказии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ будааст. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Сайдулло Қувватзода дар китоби «Дипломатияи об» ба масъалаи мавриди назари мо дахл намуда, чунин менависад: «Таҳлили раванди таърихии ташаккули муносибатҳо дар соҳаи об нишон медиҳад, ки он ҳамчун сарвати табиӣ заминаи бунёдии тамаддуни ҷаҳони маҳсуб шуда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат то арзишҳои фарҳангию динии ҷомеаро фаро мегирад. Дар ин замина, сиёсати об сиёсат на танҳо доир ба об ва фазои обӣ, балки доир ба маҷмуи муносибатҳои гуногунарса ва доир ба асосҳои таъмини ҳаёти осоишта ва устувор мебошад».

Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 барои коҳиш додани раванди обшавии босуръати пиряхҳо тасмими муҳими сатҳи глобалӣ маҳсуб мешавад. Тавассути қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳам Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди эътимоди ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси ин фонд ҷалби ҳиссагузории молиявии давлатҳо ба хотири пешгирии обшавии пиряхҳо мебошад.

Дар назар аст, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо доир шавад. Ин ҳама аз эътирофи мавқеи пешсафонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакати мо дар масъалаҳои обу иқлим дарак медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мақолаи худ «Пешвои миллат ва иқдомоти сатҳи ҷаҳонӣ», аз ҷумла чунин иброз менамояд: «Рӯйдоди муҳиму таърихӣ арзёбӣ шудани қабули қатъномаи мазкур, яъне ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) низ сабаб дорад. Зеро тибқи ин қатънома, дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори аввал аст, ки як рӯзи алоҳида – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯзҳои зиёди таърихию байналмилалӣ вобаста ба соҳаҳои гуногун дорад, аммо бояд қазоват кард, ки бо ҷонибдории 193 кишвари ҷаҳон эътироф шудани рӯзи алоҳидаи ҷаҳонии пиряхҳо ва он ҳам бо ташаббуси як давлате, ки на узви Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид асту на дорои захираҳои ҳангуфти энержию молӣ ва дигар зарфияти фишороварӣ, воқеан кори саҳл нест. Ин эътироф, дарвоқеъ эътирофи нуфузи байналмилалӣ ва эътибори баланди сиёсии Пешвои тоҷикон ба шумор меравад».

Мушкилӣ дар он аст, ки пиряхҳое, ки манбаи асосии об ҳастанд, дар ҷаҳон ба таври нобаробар ҷойгиранд ва чунин воқеият боис гаштааст, ки қисме аз аҳолии ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ ва оби кишоварзӣ танқисӣ кашад. Минтақае, ки мо дар он умр ба сар мебарем, мувоҷеҳи чунин душворӣ аст. Агар ба ин мушкилот масъалаи мушкилоти миқдории об, сифати он, коҳиши оби тозаи ошомиданӣ, душвории идоракунии он, афзоиши босуръати демографӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди босуръати саноат, мураккабшавии вазъи экологиро илова намоем, он гоҳ хоҳем фаҳмид, ки ҷомеаи ҷаҳонро чӣ гуна хавфу хатар дар пеш аст. Чунин воқеият доштани масъалаҳои обу экология ва иқлим ба равандҳои сиёсии ҷаҳон таъсиргузоранд.

Дар натиҷаи кӯшишҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти муҳтарами он Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати обу иқлим ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва муносибатҳои дипломатии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳо ворид гардид. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки доир ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо тадбир андешида, ҷаҳду амалҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва пажуҳишҳои илмӣ анҷом диҳанд, то ин ки пеши роҳи обшавии босуръати пиряхҳо гирифта шавад. Боиси ифтихор аст, ки бори нахуст дар доираи Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим “СОР 27” мавзуи об ҳамчун масъалаи алоҳида минбаъд дар рӯзномаи тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуи пиряхҳо дар платформаҳои байналмилалӣ баррасӣ мегарданд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо бо суръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунанд, ба камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробари ин, сатҳи баҳрҳою уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ва ин рӯйдоди фоҷеабор ба рушди зироаткорӣ ва зиндагии мардум таъсири бад мерасонад. Яъне обшавии пиряхҳо башарро бо афзоиши масоили глобалии экологӣ рӯ ба рӯ месозад.

Бино ба хулосаҳои олимон, агар давлатҳо дар сатҳи глобалӣ корҳои мушахас анҷом надиҳанд, масъалаҳои об, пиряхҳо, экология ва иқлим аз ин дида печидатару мушкилтар мегарданд ва барои давлатҳою миллатҳо хатару таҳдидҳои наву густурдатари экологӣ ва иқлимӣ эҷод менамоянд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои обу экология, пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёбӣ намуда, ҳамаи чорабиниҳои дар самти обу иқлим то ин муддат баргузоршударо ҳамчун «Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об» ё ҳамчун «Раванди оби Душанбе» эътироф намудааст. Ин воқеан дастоварди дигари Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад.

Дар мақолаи «Пешвои миллат ва иқдомоти сатҳи ҷаҳонӣ» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин чунин менависад: «Маълум аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад».

Дар асоси ин гуфтаҳо метавон чунин қазоват намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар сатҳи мушкилоти глобалӣ меандешанд. Тадбирандешиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ба масъалаҳои бунёдии ҷомеаи ҷаҳон нигаронида шуда, характери стратегӣ доранд ва ба раҳоӣ ёфтани бани башар аз мушкилоти обу иқлим мусоидат менамоянд.

Таърих давоми асрҳо ба мо се шахсияти сиёсӣ ва се давлатмарде эҳдо намудааст, ки имрӯз мо, тоҷикон бо ному кор ва корнамоиҳои онҳо дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудаем. Яке Куруши Кабир – бунёдкунандаи аввалин империяи ҷаҳонӣ ва муаллифи Эъломияи ҳуқуқи башар аст, дигарӣ- Исмоили Сомонӣ – бунёдгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон ва сеюм- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ тавонистанд дар охири асри бистум миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардонанд.

Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ сохтанд, онро ба субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ табдил доданд ва барои ҳамеша дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгир намуданд. Чунин хизмат ва чунин корнамоӣ номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷовидона нигоҳ медорад. Миллати шукргузори тоҷик низ хизматҳои ин фарзанди ҷонфидои миллатро ҳамеша дар хотираи таърихии худ нигоҳ хоҳад дошт.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии ин озмун баргузор шуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти илмҳои гуманитарӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи илмӣ доир шуд
12 апрел — Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон. Саҳми олимони Институти астрофизика дар таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ назаррас аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар доираи Ҳафтаи илм конференсия баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор гардид
Вобаста ба ҳамкории илмӣ дар фазои АвруОсиё форуми байналмилалӣ доир шуд
Барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии омӯзгорон машварати озмоишӣ баргузор шуд