Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи Муҳаммад ибни Зойид мулоқот намуд

Апрель 18, 2025 14:43

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  14 апрел  дар шаҳри Абузабӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Ректори Донишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи Муҳаммад ибни Зойид доктор Халифа Муборак Алӣ Саид Аз-Зоҳирӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур,  табодули таҷриба дар самти таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмиро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо инчунин таъсиси даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои муаллимони забони арабии донишгоҳҳои Тоҷикистон, пешниҳоди бурсияҳои таълимӣ, табодули сафарҳои омӯзишӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро дар самти илму маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Апрель 18, 2025 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд