«Саноатсодиротбонк» аъзои Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховра»/. Аз 23 то 25 апрел дар шаҳри Масқати Салтанати Уммон ҷаласаи 48-уми солонаи Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором (ADFIAP) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Ҷаласа таҳти унвони «Шукуфоии иқтисодӣ ва таъсири он ба рушд барои устувории оянда» доир гардида, ба КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» нишони расмии аъзои Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором (ADFIAP) тақдим карда шуд.
Дар доираи ин ҷаласа Шурои 98-уми директорони Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором, Ассамблеяи генералии 29-уми ғайринавбатӣ, конфронси солона ва маросими супоридани ҷоизаҳои он дар соли 2025 баргузор гардид. Инчунин дар рафти кори Шурои навбатӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкории муштараки молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳайати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» дар доираи баргузории ин чорабиниҳо бо намояндагони Бонки саноативу истиҳроҷи Эрон, Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ», Бонки рушди Ҷопон, Бонки Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Бонки рушди Филиппин, Бонки дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Малайзия мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфуз имконияти васеъро барои ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо аъзои он дар самти ҳамкории муросилотӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории муштараки лоиҳаҳои устувор, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва омӯзиши амалияи муосири бонкӣ фароҳам меорад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»













Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






