«Саноатсодиротбонк» аъзои Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором гардид

Апрель 28, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховра»/. Аз 23 то 25 апрел дар шаҳри Масқати Салтанати Уммон ҷаласаи 48-уми солонаи Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором (ADFIAP) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Ҷаласа таҳти унвони «Шукуфоии иқтисодӣ ва таъсири он ба рушд барои устувории оянда» доир гардида,  ба КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» нишони расмии аъзои Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором (ADFIAP) тақдим карда шуд.

Дар доираи ин ҷаласа Шурои 98-уми директорони Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором, Ассамблеяи генералии 29-уми ғайринавбатӣ, конфронси солона ва маросими супоридани ҷоизаҳои он  дар соли 2025 баргузор гардид. Инчунин дар рафти кори Шурои навбатӣ масъалаҳои вобаста ба  ҳамкории муштараки молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳайати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» дар доираи баргузории ин чорабиниҳо  бо намояндагони Бонки саноативу истиҳроҷи Эрон, Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ», Бонки рушди Ҷопон, Бонки Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Бонки рушди Филиппин, Бонки дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Малайзия мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфуз имконияти васеъро барои ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо аъзои он дар самти ҳамкории муросилотӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағгузории муштараки лоиҳаҳои устувор, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва омӯзиши амалияи муосири бонкӣ фароҳам меорад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

 

Апрель 28, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд