Шиддати заминларза дар Туркия 6,2 баллро ташкил дод

Апрель 24, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шиддати зилзила дар маркази заминларза, ки дар баҳри Мармара, дар километри 70-ум аз  маркази Истанбул ба амал омад, аз рӯи ҷадвали Меркалли дараҷаи ҳаштум (VIII)-ро ташкил дод, ки ба 7 дараҷа баробар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, чунин маълумот дар гузориши пешакии Расадхонаи зилзилашиносии Кандиллии Донишгоҳи Босфор, ки пайваста заминларза ва ҳодисаҳои геологии Туркияро назорат менамояд, пешниҳод шудааст.

Дар гузорише, ки коршиносони донишгоҳ таҳия кардаанд, гуфта мешавад, ки тибқи харитаи тақсимоти шиддати пешбинишуда, ки расадхона таҳия кардааст, сатҳи шиддати дар маркази заминларза эҳсосшуда VIII аз 12 имкони мавҷуда аст.

Дараҷаи ҳаштум, чунонки зилзилашиносон шарҳ додаанд, заминларзаи пурқувват аст. «Наздиктарин маҳал ба маркази заминларза ноҳияи Силиврии Истанбул буда, каме дуртар аз Мармара Эреглиси, Буюкчекмеҷе ва Бейликдузу ҷойгир шудаанд. Масофа то маркази Истанбул тақрибан 69 километр мебошад», — омадааст дар гузориш.

Заминларза рӯзи чоршанбе, соати 12:49 дар баҳри Мармара, дар умқи 15,2 километр рух дод. Шиддати он, ки расадхонаи Кандилли сабт кардааст, 6,1 баллро ташкил додааст.  Раёсати ҳукуматӣ оид ба  ҳолатҳои фавқулодаи Туркия шиддати заминларзаро 6,2 дараҷа эълон намуд. Пас аз шаш дақиқаи офати табиӣ огоҳӣ дар бораи эҳтимоли ба амал омадани сунамӣ дар натиҷаи то 5 см тағйир ёфтани сатҳи об расид. Бо вуҷуди ин хатари минбаъда  тасдиқ нашудааст.

Ба ҷуз аз фурӯ рехтани як бинои фарсудаи ғайриистиқоматӣ дигар зарар нарасидааст. 240 шаҳрванди ҷумҳурӣ асосан дар натиҷаи ваҳму воҳима ҳангоми гурехтан ё аз хонаҳояшон берун ҷаҳидан ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи аввалин зилзилаи шадид беш аз 130 пасларза бо шиддатҳои гуногун ва ҳатто то 4,9 дараҷа ба амал омад.

 АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 24, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад