Русия аз имзои Шартномаи таърихии сеҷониба ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол намуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи Русия аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи дӯстии абадӣ дар Хуҷанд дар доираи мулоқоти сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Садир Жапаров ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки 31 март дар Хуҷанд баргузор шуд, истиқбол менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Русия ин тасмимҳоро, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобили судманд байни иттифоқчиёни наздиктарини мо нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ мекунад. Созишномаҳо ба рушди ҳамсоягии нек ва шарикии се давлат такони нав бахшида, ба таъмини суботу амният дар маҷмуъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд», — гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






