Соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон мебошад

Апрель 6, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи маориф ва таҳсилоти касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ифтитоҳи садҳо мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва гимназияву кӯдакистонҳои навъи муосир ва ҷараён гирифтани усулҳои фаъоли таълими фанҳои гуногун дар соҳаи маориф ҷаҳиши бузурге ба вуҷуд овард.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин иброз доштанд: «Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкорию дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад».

Зимни пешниҳоди Паём  ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва таъмин намудани сокинон бо касб, инчунин аз ҳисоби мутахассисони ҷавон пур намудани ҷойи кор дар корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ки ниёз ба мутахассисони баландихтисос ва дорои донишҳои муосир доранд, дастур доданд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Ҳар давлату миллат ояндаи дурахшони худро дар заминаи тарбияи насли соҳибмаърифат мебинад. Таърих низ собит менамояд, ки насли наврас ва ҷавон, чӣ тавре ки тарбия гиранд, фардои миллату давлат ва ҷамъият низ ҳамон гуна шакл мегирад. Ба қуллаҳои баландтарини тамаддун расидани ҳар миллат аз сатҳи фарҳанг, худшиносӣ, дараҷаи азхудкунии дониш, касбу ҳунар ва раванди ташаккули насли ҳамон ҷамъият вобастагӣ дорад. Ҳукумати Тоҷикистон низ дар раванди бунёд ва ташаккули давлатдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҳадафи стратегиашро ба инкишофи соҳаи мактабу маориф нигаронидааст.

Ҳамзамон тибқи дастурҳои дар Паёми Президенти Тоҷикистон пешниҳодшуда, бояд дар панҷ соли минбаъда шумораи касбомӯзон дар муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 210 ҳазор нафар расонида шавад. Ин вазифагузорӣ масъулияти кормандони соҳаро дучанд мегардонад.

Мо, кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҳадафмандона амалӣ намудани вазифа ва дастурҳои Сарвари давлат барои дар марҳилаи нави тараққиёт рақобатпазир будани донишу малака ва маҳорату лаёқати мутахассисон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос тамоми саъйу кӯшишамонро ба харҷ медиҳем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар бунёди давлати мутараққӣ ва пешрафта ҳамчун маҳаки асосӣ ва омили наҷоти миллату таҳкими давлат арзёбӣ намуда, борҳо изҳор доштаанд, ки насли наврас ва ҷавон неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа,  ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар ҳамовозӣ ба ин гуфтаҳо ва бо назардошти муҳимияти инкишофи соҳаи маориф, ҳамзамон фаро гирифтани насли имрӯза бо донишҳои умумибашарӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида шуда, фаъолияти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ давра ба давра рушд меёбад. Ҳамзамон он зина ба зина ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад.

Имрӯз барои илму дониш ва соҳибкасб шудани ҷавонони саодатманди мамлакат тамоми шароит муҳайё гардидааст. Бо мақсади тавсеа додани раванди таълиму тарбия ва соҳибкасб гардидани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар айни замон дар назди кумита 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва касбҳои коргарӣ омода карда мешаванд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ таъкид менамоянд, ки насли навраси мо бояд бофарҳангу дониш ва дорои касбу ҳунарҳои замонавӣ ва хулқу атвори писандида ба воя расад. Яъне, ҳар шахси бомаърифату бофарҳанг, ки дорои одоби шоиста аст, касбҳои замонавиро низ бояд аз худ намояд. Дар ин ҳолат шахс дар зиндагӣ ҳатман муваффақ мешавад. Мантиқан, ҳар ҷомеае, ки афроди он бофарҳангу соҳибмаърифат ва соҳибкасб аст, ҷомеаи солим аст.

Ҳоло назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

Бо назардошти ҳамин нуктаҳои муҳим солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуну муҳтавои таҳсил тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимии дорои равияи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба худ шакл ва моҳияти нав гирифтанд.

Ҳоло таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба зиммаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузошта шуда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсил метавонанд дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазо гузоранд.

Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурда дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ барои таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаҳои таҳсил дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ин нуктаи муҳимро Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон зимни вохӯрӣ бо аҳли илму маорифи мамлакат махсус таъкид намуда, ҳамзамон дастур доданд, ки «Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намояд».

Ворид шудани илм ба истеҳсолот ба инкишофи он таъсири зиёд дорад. Дар ҳама давру замон илм бояд барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳалли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор гирад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «дар ҷаҳони муосир танҳо мамлакатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Мо, омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди фаъолият барои омӯзгорону донишҷӯён инчунин дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён саҳм мегузорем.

Парвина БОБОХОНОВА,
муовини директори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба Эъломияи Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Таътили тобистонаи хонандагон кай оғоз меёбад?
Анушервон Зоиров ғолиби озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2024» гардид
Даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2024» баргузор гардид
Дар Хуҷанд ғолибони олимпиадаи минтақавӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат – заминаи стратегии густариши муносибатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон
Дар Хуҷанд Олимпиадаи минтақавии хонандагон барои дарёфти «Ҷоми Раёсати ДБССТ» оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон дар назди муассисаи таълимӣ бинои иловагӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни маҳорату маллакаи касбӣ дар Чин соҳиби медали нуқра шуданд
Дар деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштич муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид