СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои саноатӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои саноатӣ вусъат мегирад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар шаҳри Гулистон сохтмони фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи зарин» идома дорад. Фабрика барои парвариши беш аз 20 ҳазор сар мурғи гӯштӣ иқтидор дошта, дар айни замон дар он 11 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Дар айни замон сохтмони чор мурғхона анҷом ёфта, сохтмон бо истифода аз таҷҳизоти муосир идома дорад.
Инчунин дар Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиглат» рангҳои бинокорӣ ва хокаи ороишиву пардоздиҳӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосир идома дошта, баъди ба кор андохтани он 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар маҷмуъ, дар ин корхона то 20 намуди рангҳои сохтмонӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сеганҷ» бунёд мегардад. Сардхона бо истифода аз технологияҳои муосири чинӣ сохта шуда, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фасли сол пешбинӣ шудааст. Ғунҷоиши умумии он 600 тонна буда, аз 10 қисм иборат аст, ки 8 адади он барои нигоҳдории меваю сабзавот ва 2 адад барои маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шудааст. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки ҳарорати дохилӣ мутобиқ ба навъи маҳсулоти захирашуда танзим гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






