Соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад

Апрель 1, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд гардида, ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад. Дар ин хусус 7 марти соли равон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд.

Зиёд гардидани маблағи грантҳои президентӣ барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занону духтарон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ равона гардидааст.

Маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола барои занони ҳунарманд, соҳибкор ва пеш аз ҳама, ниёзманд грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро пеш баранд.

Имсол низ 120 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро рушд диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли равон зимни мулоқот бо занони мамлакат хотирнишон намуданд, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз воситаҳои баланд бардоштани имконоти иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.

Сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки давоми солҳои 2015-2024 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамчунин барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Бо дастгирии​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону духтарон дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хосса равона гардида, занони эҷодкор ва ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон дар амалӣ шудани нақшаю иқдоми созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.

Ҳиссаи занону духтарони соҳибкор дар бунёд кардан ва фаъол намудани марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ, иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойи нави кор торафт назаррас мегардад.

Бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд, ки дар татбиқи он саҳми занони соҳибкору ҳунарманд назаррас аст. Занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, рушди занбӯриасалпарварӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва фаъолият дар дигар самту соҳаҳои муҳим дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030» амал менамояд, ки яке аз самтҳои он соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод. Инак соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад
АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд