Соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд гардида, ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад. Дар ин хусус 7 марти соли равон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд.
Зиёд гардидани маблағи грантҳои президентӣ барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занону духтарон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ равона гардидааст.
Маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамин аст, ки ҳамасола барои занони ҳунарманд, соҳибкор ва пеш аз ҳама, ниёзманд грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро пеш баранд.
Имсол низ 120 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро рушд диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли равон зимни мулоқот бо занони мамлакат хотирнишон намуданд, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз воситаҳои баланд бардоштани имконоти иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.
Сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки давоми солҳои 2015-2024 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамчунин барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону духтарон дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хосса равона гардида, занони эҷодкор ва ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон дар амалӣ шудани нақшаю иқдоми созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.
Ҳиссаи занону духтарони соҳибкор дар бунёд кардан ва фаъол намудани марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ, иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойи нави кор торафт назаррас мегардад.
Бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд, ки дар татбиқи он саҳми занони соҳибкору ҳунарманд назаррас аст. Занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, рушди занбӯриасалпарварӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва фаъолият дар дигар самту соҳаҳои муҳим дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030» амал менамояд, ки яке аз самтҳои он соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод. Инак соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида мешавад.
Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд






