Созмони ҳамкории исломӣ аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд

Апрель 2, 2025 16:52

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, истиқбол намуда, дар ин хусус  изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Дар изҳороти расмии Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ чунин омадааст:

“Дабирхонаи кулли Созмони ҳамкории исломӣ аз имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ҳамсоя ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни ин кишварҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар рафти Саммити сарони се кишвар  рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ҷараён гирифт, истиқбол намуд.

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ҷаноби Ҳусайн Иброҳим Тоҳо се кишвар, президентҳо ва мардумони онҳоро бо ин дастоварди таърихӣ, ки раванди аломатгузории марзии миёни давлатҳо ва музокироти ҳалли баҳсҳои марзии беш аз се даҳсола идомадоштаро хотима дода, ба равобити стратегии онҳо такони нав мебахшад, табрик гуфт.

Дар заминаи алоқамандии Созмони ҳамкории исломӣ барои   таҳкими пайвандҳои бародарӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзо Дабири кулли Созмон изҳори умед намуд, ки ин дастоварди бузург миёни се кишвари бародар дар тақвияти пояҳои амният, субот, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа саҳмгузор хоҳад буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 2, 2025 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад