ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чаро ҳар яки мо бояд дарахт шинонем?

ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид, солҳои 1960-1970 масоҳати ҷангалзори курраи Замин на кам аз 7,8 миллиард гектар ва шумораи аҳолии сайёра 3,020-3,62 миллиард нафарро ташкил медод. Солҳои 2018-2022 масоҳати ҷангалзор ба 4,2 миллиард ва шумораи аҳолии ҷаҳон ба 7,97 миллиард расид. Яъне, тайи 50-60 сол ҷангалзор 45-46 дарсад кам ва шумораи аҳолӣ 1,49 маротиба зиёд шудааст. Кам гардидани ҷангалзор боиси нигаронии аҳли ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, зеро аз рӯи моҳияти хоҷагӣ бешазорро «тиллои сабз» ва ҷангалзорро «корхонаи оксигенҳосилкунӣ ва манбаи саломатӣ» ном мебаранд. Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло. Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.
— Мо, инсонҳо падидаи табиат ва узви ҷудонашавандаи он ҳастем. Аз ин рӯ, ҳар қадар бештар табиатро бишиносем, ҳар қадар бештар дар бораи он маълумот дошта бошем, ҳар қадар ба қадри он бирасем- ин ҳамон андоза зиёдтар ба манфиати мо аст.
Тағйироти бузурге, ки дар сайёраи Замин ва табиати он рух медиҳанд, инсоният ва ақлҳои солимро ҳарчи бештар ба ташвиш ва таҳлука меоваранд. Дар қатори ин мушкилоти глобалӣ метавон аз тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо, таҳдиди хушксолӣ ва ғайраҳо сухан кард. Аммо андешаҳои амиқ бар он меоранд, ки дар рух задани бисёре аз фоҷиаҳои табиат, хусусан фоҷиаҳои экологӣ саҳми инсон низ кам нест. Афзудани партовҳо, истихроҷи беҳудуди газҳои сунъӣ, муносибати муғризонаву беақлона бо табиат, аз ҷумла, маҳви ҷангалзор, истифода ва масрафи беохири захира ва сарватҳои зеризаминӣ аз ин ҷумла мебошанд. Аммо одамон танҳо дар он ҳолат метавонанд то ҷойе саҳми боризи худро дар ҳифзи табиат бигузоранд, ки ҳамин масъулият — муносибати неки худро бо табиат дарк ва иҷро намоянд.
Мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дурахшонтарин чеҳраҳои сиёсатмадорони ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд, ки барои ҳалли мушкилоти глобалии сайёраи Замин, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳое, ки вобаста ба он ба сари инсоният меоянд, садо баланд намуда, маротибаҳои зиёде ҷомеаи ҷаҳониро аз натиҷаҳои фоҷиабори он ҳушдор додаанд.
Ҳар як инсон, ҳар сокини сайёра бояд барои ҳифзи табиат талош намояд, зеро бе кӯшиш ва муборизаи ҳамаи инсонҳо ва ҳамаи давлатҳо пеши роҳи фоҷиаҳоеро, ки дар оянда ба Замин ва инсоният таҳдид мекунанд, гирифтан душвор аст.
Тавре дар боло ёдрас шудем, имрӯз камшавии масоҳати ҷангалҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Давоми тамоми таърихи инсоният одамон ҷангалҳоро танҳо барои зарурати худ истифода мебурданд, вале имрӯз маълум гардид, ки ҷангалҳо дар саросари дунё бо масоҳати бузург кам гаштаанд; акнун дар мамлакатҳои алоҳида онҳо танҳо 30 – 40 фоизи масоҳатро фаро мегиранд. Дар Чин ин нишондод андаке афзунтар аз 20 фоиз аст.
Аз соли 2001 то соли 2018 дар тамоми дунё баробари масоҳати як Ҳиндустон, яъне қариб 3,6 миллион километри мураббаъ ҷангалзор маҳв шудааст. Соли 2024 дар саросари олам қариб 25 миллион гектар ҷангал бурида ва ё сӯхта шуд, аз ҷумла барои ҳадафҳои хоҷагии деҳот.
Ҳоло бештар ҷангалҳои тропикиро мебуранд, то дар онҷо роҳҳо бунёд намудаву соҳаи кишоварзиро пеш баранд. Буриши бемаҳдуди ҷангалҳо боиси афзоиши партовҳои газҳои карбон дар ҳаво ва азбайнравии бисёр намуди растаниҳо ва ҷонварон мегардад, ки онҳо аз макони зисташон маҳрум мешаванд. Буриши ҳамаҷонибаи ҷангал ҳамчунин боиси обхезиҳо мешавад, ҳатто дар ҷойҳое, ки боронҳои сахт надоранд.
Сабаби камшавии масоҳати ҷангалҳо дар рӯи Замин буриши ҳамаҷонибаи онҳо ва сӯхторҳо мебошанд. Беш аз нисфи буриши ҳамаи ҷангалҳо дар сайёра бо сабаби чаҳор маҳсулот ба вуҷуд меоянд: гӯшти гов (истеъмоли он), соя (як навъ лӯбиё), палма (нахлҳое, ки аз онҳо равған мегиранд) ва маҳсулоте, ки аз чӯбҳо омода карда мешаванд. Одамон масоҳати бузурги ҷангалҳоро мебуранд, то заминро тоза намуда, барои зарурати хоҷагӣ: кишти сояву палма ва чарогоҳи ҷонварон истифода баранд. Ҳамчунин масоҳати зиёде аз буришҳои берун аз назорат барои савдои ғайриқонунии дарахтони арзишдор амалӣ мегардад.
Мутахассисон эҳтимоли онро доранд, ки пеши роҳи камшавии масоҳати ҷангалҳоро метавон бо амалӣ кардани истифодаи услубҳои пойдори хоҷагии деҳот ва технологияҳои наве, ки барои гирифтани ҳосил майдонҳои зиёдро тақозо надоранд, гирифт. Ҳамчунон муҳим аст, ки ба барқароркунии ҷангалҳо машғул шавем, ки ин имкон медиҳад қитъаҳои аз буриши одамон ва ё фоҷиаҳои табиӣ зиёндида ба худ оянд.
Дар ин майдонҳо сохтани шабакаҳои обёрӣ, барқароркунии асосҳои замин ва олами ҳайвонот хеле муҳиманд. Пешгирии сӯхторҳо ва сари вақт хомӯш кардани онҳо низ муҳим аст. Ҳар нафар инсони алоҳида метавонад аз истифодаи коғази боркашоние, ки равғани палма дорад, даст кашида, воситаи дигареро ба кор гирад. Аммо, масъаларо танҳо дар якҷоягӣ ва дастҷамъона бо иштироки ҳама мамлакатҳои ҷаҳон ба таври фарогир метавон ҳал кард. Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тағйирёбии иқлим соли 2020 беш аз сад мамлакати олам уҳдадор шуданд, ки буриши ҷангалҳоро қатъ кунанд.
Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст, ки аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд.
Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат гузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Дар мамлакати мо манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзор сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзор вобастагӣ дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки дар доираи нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳол шинонида мешавад.
Ҳадафи Барномаи мазкур ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.
Акс аз манбаъҳои боз