Таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Тотористон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрӣ намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия муносибатҳо байни минтақаҳои ду давлат дар ҳоли тавсеа қарор дошта, мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва дигар бахшҳои афзалиятнок баён карданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар доираи ин сафар Раиси Ҷумҳурии Тотористон бо фаъолияти якчанд корхонаи саноатии Суғд шинос гардида, бо соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои тиҷоратии вилоят вохӯрӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин доираҳои тиҷоратии ду ҷониб дар бизнес-форум роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навро баррасӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии мулоқот густариши равобит ва дарёфти имконоти нав барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тотористон мебошад. Ин тадбир идомаи мантиқии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия буда, ба таҳкими робитаҳои стратегӣ ва шарикии иқтисодии ду ҷониб мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад






