Таҳкими дурнамои ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуд

Апрель 30, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ  «Ховар»/. Дар доираи Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон –«Iran Expo 2025» Вазири саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушнудӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот  масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуда, мусоҳибон ба дурнамои ҳамкории саноатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.     

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки  имкони таъсиси  парки саноатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  сармоягузорӣ ва фанновариҳои Эрон баррасӣ шавад.

Дар фарҷоми мулоқот ширкатҳои эронии дорои  бахшҳои гуногуни  саноат даъват шуданд, ки дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, ки ба рушди иқтидори саноатӣ ва таҳкими шарикии иқтисодии ду давлат равона гардидаанд, фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 30, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид