Таҳкими дурнамои ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон –«Iran Expo 2025» Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушнудӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуда, мусоҳибон ба дурнамои ҳамкории саноатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки имкони таъсиси парки саноатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорӣ ва фанновариҳои Эрон баррасӣ шавад.
Дар фарҷоми мулоқот ширкатҳои эронии дорои бахшҳои гуногуни саноат даъват шуданд, ки дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, ки ба рушди иқтидори саноатӣ ва таҳкими шарикии иқтисодии ду давлат равона гардидаанд, фаъолона иштирок намоянд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






