Тарофаҳои нави «Диёр»: интернети бештар, алоқаи бештар!
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Анор» — яке аз операторони аз ҳама ҷавон ва босуръат инкишофёбандаи алоқа дар Тоҷикистон тарофаҳоро бо дақиқаҳою интернети бештар ва озодии муошират бо нархҳои дастрас амалӣ намуд.
Давоми ду соли таърихи худ «Анор» боварии истифодабарандагонро бо пешниҳоди алоқаи босифат ва шартҳои муфид ба даст овард. Силсилаи нави тарофаҳо – ҷавоб ба дархости мизоҷоне аст, ки бе сарфи зиёдатӣ имконияти бештар ба даст овардан мехоҳанд.
Тарофаи «Диёр Ultra» бо нархи 65 сомонӣ дар як моҳ ба истифодабарандагон 65 000 Мб интернети мобилӣ пешниҳод менамояд, ки 30 000 Мб-и он дар вақти рӯзона дастрас буда, 35 000 Мб-и боқимонда шабона дастрас мебошад. Муштариён инчунин зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 1 000 дақиқа барои зангҳо ба операторони дигари мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 SMS-ро дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ ба даст меоранд.
Барои онҳое, ки варианти нисбатан дастрас ҷустуҷӯ доранд, тарофаи «Диёр Lite» бо нархи 35 сомонӣ дар як моҳ мувофиқ меояд. Он 35 000 Мб интернетро дар бар гирифта, 10 000 Мб аз ин ҳисоб дар вақти рӯзона ва 25 000 Мб дар вақти шабона дастрас мебошад. Ба ғайр аз ин ба баста зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 500 дақиқа барои алоқа бо муштариёни операторони дигари мобилии Тоҷикистон ва 50 SMS дар ҷумҳурӣ дохил мешаванд.
Барои онҳое, ки интернети бештар дастрас кардан мехоҳанд, бастаи иловагии «Диёр +5000 Мб» имконияти беҳтарин аст. Ҳамагӣ бо нархи 25 сомонӣ Шумо 5 000 Мб-и иловагӣ ба даст оварда, имкон пайдо менамоед, ки доим дар алоқа бошед, видео тамошо намоед, мусиқӣ гӯш кунед ва замимаҳои дӯстдоштаро бе маҳдудият ба кор баред.
«Мо аз ҳар муштарии худ барои боварӣ ва дастгирӣ миннатдорем! Давоми ду сол ба «Анор» на танҳо муяссар шуд, ки мавқеи худро дар бозор мустаҳкам намояд, балки он инчунин ба операторе табдил ёфт, ки ба истифодабарандагони замонавӣ имконияти муносиб пешниҳод менамояд. Тарофаҳои нави мо – қадами навбатӣ сӯи он аст, ки алоқа дар Тоҷикистон боз ҳам дастрас, муносиб ва муфид гардад», — гуфт директори амалиётии ширкати «Анор» Юрий Глушенко.
Хабарҳои ширкати «Анор»-ро дар сомона ва саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед.
АКС: ширкати «Анор»








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






