Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ густариш диҳанд

Апрель 22, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Искандар Муъминӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки барои муборизаи муваффақона дар пешгирии ҷиноятҳо  мубодилаи иттилооти оперативӣ, густариши ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи таълим ва гузаронидани машқҳои муштарак муҳим мебошад.

Дар анҷоми мулоқот Барномаи амалии ҳамкории омӯзишӣ-таҳқиқотӣ байни  вазоратҳои Тоҷикистон ва Эрон  барои солҳои 2025-2029 ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд