Вобаста ба рушди энергетика дар даврони истиқлолият конференсияи байналмилалӣ доир гардид

Апрель 10, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Рушди соҳаи энергетика дар даврони истиқлол» конференсияи баналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Конференсия ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бахшида шуда, аз ҷониби омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва докторантони дохилу хориҷи мамлакат зиёда аз 70 мақолаи илмӣ пешниҳод гардид.

Дар конференсия иброз шуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту фазои мусоиди илмомӯзӣ муҳайё аст, то мо аз он самаранок истифода намоем.

«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, шавқу рағбати ҷавононро ба омӯзиши ин фанҳо зиёд гардонем. Зеро таълими дурусти ин фанҳо ва рушди тафаккури техникӣ имкон медиҳад, ки зеҳни наврасону ҷавонони мо қавӣ гардида, онҳо баробар бо талаботи замона ва дигаргуниҳои имрӯзу фардо қадам гузоранд.


Дар конференсия инчунин оид ба 30 соли таъсиси кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии донишгоҳ, ки барои омода намудани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият мекунад, сухан гуфта шуд. Ҳоло хатмкардагони ин кафедра қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Баъд аз анҷоми кори ҷаласаи пленарии конференсия кори он аз рӯи 6 бахш идома ёфта, дар он донишҷӯёну магистрантон, докторантон ва олимон маъруза намуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Апрель 10, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад