Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР иштирок намуд

Май 22, 2025 10:01

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май ҳайати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки дар Ҷумҳурии Алҷазоир баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Ҷаласаҳои солонаи Бонки исломии рушд аз 19 то 22 майи соли равон бо шиори «Гуногунсозии иқтисодҳо, ғанисозии зиндагӣ» ва бо иштироки намояндагони 57 кишвари аъзо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд баргузор гардида, дар ин чорабинии муҳим роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор баррасӣ мешаванд.

Зимни ифтитоҳи чорабиниҳо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер иброз намуд, ки Гурӯҳи Бонки исломии рушд соли 2024 дар ҳаҷми умумии 13 миллиард доллар лоиҳаҳои сармоягузориро барои кишварҳои аъзо қабул намуда, аз ин маблағ 9 миллиард долларро ҷудо кардааст.

Ҳамзамон дар ҷаласа Стратегияи нави Бонки исломии рушд  барои солҳои 2026–2035 қабул гардид. Дар он рушди иқтисоди «сабз», таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди инфрасохтори ирригатсионӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим самтҳои афзалиятнок муайян карда шудаанд.

Дар ҷаласаи солона дар баробари дигар вазирон навори суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо мазмуни «Таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат диверсификатсияи иқтисодиро тавассути рушди «сабз», инноватсионӣ ва рақамӣ пеш мебарад» ба иштироккунандагон пешниҳод карда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2025 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид