Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавии иқлимӣ дар Ашқобод иштирок намуд

Май 14, 2025 14:31

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии иқлим (15 май) дар Ашқобод бо иштироки намояндагони 5 давлати минтақаи Осиёи Марказӣ- иборат аз мутахассисони   вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони байналмилалӣ конфронси минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин конфронси ҳафтуми минтақавӣ аст. Он ба мавзуи «Ба даст овардани ҳадафи глобалии маблағгузории иқлим тавассути татбиқи тадбирҳои минтақавӣ ва миллӣ дар Осиёи Марказӣ» бахшида шуда, то 15 май  идома меёбад.

Дар конфронс муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода доир ба ҳадафҳои асосии Тоҷикистон, ки ба таъмини рушди устувор бо назардошти мушкилоти иқлимӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудаанд, сухан намуд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор доир ба масъалаҳои  марбут ба обу иқлим чорабиниҳои зиёдро ба нақша гирифта, амалӣ менамояд. Аз ҷумла, барои ноил шудан ба ҳадафҳои асосӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими дастгирии илмӣ ва институтсионалии сиёсати иқлим ва тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузории байналмилалии иқлим ва фароҳам овардани муҳити мусоиди институтсионалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ҳамзамон Лоиқ Раҳмонзода доир ба конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки  29-31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, сухан намуда, ҳозиринро даъват намуд, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабиниҳои канории конфронси Ашқобод  мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба таҷриба, таҳқиқот ва амалӣ гардидани лоиҳаҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо рӯнамо баромад намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2025 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид