Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус ҳамкории илмиро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони Донишгоҳи миллии техникии Беларус зимни мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории илмӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Беларусро густариш диҳанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ ва инноватсионии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ шуд. Ҳамзамон оид ба имконият ва роҳҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти илмию таълимӣ табодули афкор доир гардид.
Дар фарҷом Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои таҳқиқот ва ташаббусҳои муштарак уфуқҳои нав мекушояд. Созишнома заминаи муҳими ҳамкории минбаъдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус мегардад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






