Алоқа барои бонк
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чӣ тавр имконоти телекоммуникатсионӣ дар фаъолияти ташкилоти молиявӣ кумак менамоянд?
«Алиф» аллакай зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафро соҳиб буда, ба мизоҷон хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва имконияти рақамӣ пешниҳод менамояд. Яке аз шарикони боэътимоди бонк дар соҳаи телекоммуникатсия ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба шумор меравад. Доир ба он ки чӣ тавр имкониятҳои телекоммункатсионӣ дар нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ва самаранокӣ кумак мерасонанд, менеҷер оид ба рушди «Алиф» Сорбонбек Рашидов маълумот медиҳад.
— Шумо чӣ тавр оператори алоқаро ҷустуҷӯ менамудед ва ба кадом талабот он бояд мувофиқат мекард?
— Мо диққати асосиро ба якчанд омили муҳимтарин равона карда будем. Дар навбати аввал мо устувории алоқа ва суръати интернетро ба инобат гирифтем. Барои тиҷорате, ки дар соҳаи молиявӣ амал менамояд, ин ниҳоят муҳим аст. Оператор бояд устувории кори ҳамаи хизматрасониҳоро ҳатто дар дурдасттарин нуқтаҳо кафолат дода, инчунин имконияти дигари махсус ва муносибро барои эҳтиёҷоти дигари бизнес пешниҳод карда тавонад.
— Чӣ тавр интернети мобилӣ ба фаъолияти ширкати Шумо мусоидат менамояд?
— Он фаъолияти муттасили терминалҳои пардохтӣ ва банкоматҳоро нигоҳ медорад, инчунин ба кормандони мо, ки SIM-кортҳоро барои роутерҳо истифода мебаранд, имкон медиҳад, ки ба мизоҷон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ хизмат расонанд. Ба ҳамин васила мо хизматрасониҳои молиявии худро дар ҳамаи ҷойҳо пешниҳод менамоем.
Дар баробари ин барои муоширати махсуси босамар дар AlifTech мо чунин хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ба монанди хизматрасонии огоҳкунии мобилӣ ё A2P-паёмакҳоро истифода мебарем. Он имкон медиҳад, ки огоҳиҳо оид ба намудҳои нави қарзгирӣ, иқдому рӯйдодҳо сари вақт фиристода шуда, мизоҷон оид ба иҷрои хизматрасониҳо огоҳ карда шаванд.
— Хизматрасонии собити баландсуръатро Шумо чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Нақши ТМСБ дар такмили равандҳои тиҷоратии Шумо чӣ гуна аст?
— ТМСБ пайвастагии устувори баландсуръатро байни идораҳо таъмин менамояд, мо метавонем иттилоотро ба таври самаранок идора намуда, фаъолияти ҳамаи хизматрасониҳои дохилиро таъмин созем. Ин барои амалиёти марбут ба коркарди пардохтҳо ва транзаксияҳои молиявӣ махсусан муҳим аст. Ба шарофати ТМСБ мо ба мизоҷони худ суръату устувории хизматрасониро кафолат медиҳем, дархостҳою иттилоотро дар реҷаи вақти воқеӣ баррасӣ карда метавонем.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






