Ҷавонон бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома диҳанд

Май 24, 2025 09:56

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ва мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки шумо низ масъулият доред. Чунин изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Воқеан ҳам бояд иброз намуд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар шаҳрванд, ободии давлат ва пешрафти он танҳо дар ҳолати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад. Ва дар замони муосир танҳо кишварҳое дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии худро ҳифз карда метавонанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда равона созанд.

Ҷавонон созандагони фардои шукуфони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат буда, пешрафти онҳо, боло бурдани донишҳои сисёсияшон тазминкунандаи ояндаи босуботу ободи давлату ҳукумат хоҳад буд. Доштани ҳисси баланди миллӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, то онҳо ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доранд, онро содиқона ҳифз намоянд ва ифтихор дошта бошанд, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастанд.

Сарвари давлат пайваста зимни суханрониҳо ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон изҳори боварӣ намуда, ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург мешуморанд.

«Бо назардошти ҳамаи хизматҳое, ки шумо – фарзандони азиз – барои Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ анҷом дода истодаед, ба ҳар яки шумо муроҷиат мекунам, ки аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед»,-баён доштанд Президенти Тоҷикистон.

Табиӣ аст, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест. Зеро мо дар замоне зиндагӣ менамоем, ки ҳар лаҳзаву ҳар сония авзои сиёсии ҷаҳон зудтағйирёбанда буда, таҳдиду хатарҳо ба афкори ҷавонон бе таъсир буда наметавонад. Раванди ҷаҳонишавӣ ҳамарӯза хавфу таҳдидҳои навро густариш медиҳад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани зиракии сиёсии ҷавонон тадбири саривақтӣ аст.

Тавре таҳлилгарон изҳор медоранд, худшиносӣ ҳамчун воситаи асосии ташаккули шуури ватандӯстона дар ҷомеа сабаби пайдоиши ваҳдату ҳамгироӣ гардида, суботу пешрафти онро таъмин менамояд. Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ яке аз арзишҳои калидӣ мебошанд. Ин ду арзиш қудрати сафарбарнамоӣ, тарбиявӣ, ташвиқотӣ ва муттаҳидкунанда дошта, муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеаи шаҳрвандию муносибатҳои сиёсӣ танзим намуда метавонанд. Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ ду омиле мебошанд, ки мағзи тамаддуни инсоният ва фарҳанги як фардро ташкил медиҳанд. Ин мафҳумҳо танҳо дар якҷоягӣ бо мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллат маънӣ пайдо мекунанд ва шаклан дар якҷоягӣ ташаккул меёбанд.

Бояд гуфт, ки қисме аз бошандагони гӯшаю канорҳои мамлакат дар бораи ҳамдигар тасаввуроти ғайривоқеӣ доранд. Ин гуна тасаввурот ба раванди ваҳдати сартосарӣ халал ворид карда метавонад. Дар ин ҳолат рушди сайёҳии дохилӣ, сафар ба минтақаҳои гуногуни мамлакат ва тамошои мавзеъҳои нодири табиӣ ва таърихӣ ба боз ҳам наздик шудани мардуми минтақаҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ин, яъне наздик шудани ҷавонони гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва огаҳӣ ёфтан аз урфу одатҳои ҳамдигар дар роҳи расидан ба ваҳдати комил ва пойдории сулҳу суботи ҳамешагӣ метавонад замина гузорад. Зеро ҳар қадар ҷавонони мо бо ҳам муттаҳид бошанд, ҳамон қадр сутунҳои давлатдорӣ метавонанд пойдор ва бегазанд бимонанд.

Ҳоло дар тамоми ҷаҳон авҷ гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ мушоҳида мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он дар канор буда наметавонад. Агар дар тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон иттилоот ва ахбори хориҷӣ ҷой гирад, ваҳдату суботи ҷомеа зери хатар мемонад. Яъне дар майдони муборизаҳои итилоотӣ низ ваҳдати ақидаҳо, андешаҳо, диду назарҳо бояд ҳукмфармо бошад. Дар фазои иттилоотии мамлакат ташкил намудани фазои маҷозии тоҷикӣ бисёр зарур аст. Ин фазо ғайр аз забони давлатӣ бояд бо ду забони дигар- русӣ ва англисӣ низ корбарӣ шавад. Чунин ҳолат ва чунин фазо боиси пайванди тамоми тоҷикони ҷаҳон бо Ватани азизамон – Тоҷикистон буда метавонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо итминони комил иброз доштанд, ки «ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба давлати пешрафтаю неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем».

Воқеан ҳам ҷавонони мамлакат неруи тавоною пешбарандаи ҳаёти ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар замири ҷавонон ташаккул додани сифатҳои волои созандагиву бунёдкорӣ як силсила асноди муҳим қабул намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо нигаронида шудаанд. Пас, биёед барои дар амал собит намудани боварию умедвориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар якҷоягӣ талош варзем ва то метавонем дар ҳифзу нигаҳдошти ҳар гӯшаю канори он ва расидан ба қадри сулҳу осоиштагӣ дар ватанамон саҳми арзанда гузорем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2025 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхи Партияи гидрографии ҳавзаи дарёи Зарафшон 174 метр қафо рафтааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ иштирок дорад
РУШДИ ФУТБОЛИ МИЛЛӢ. Барои расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои муҳим андешида мешаванд
Лоиҳаҳои тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласаи Бонки исломии рушд муаррифӣ шуданд
Шумораи корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» марҳила ба марҳила зиёд мегардад
Ҷавонон сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд
Баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон амри зарурӣ ва тақозои замон мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ҳамаи иқдом, дастгирию ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири соҳиби илму дониши муосир гардидани ҷавонон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонон
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти ҷавонон тамоми иқдоми заруриро амалӣ менамояд»