Аз 29 то 31 май дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад

Май 28, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз 29 то 31 май  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки беш аз 2200 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.

Аз ин рӯ,  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати сокинони пойтахт мерасонад, ки аз 29 то 31 май ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва Ҳ. Шерозӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодуруст дар ин кӯчаҳо худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем,  ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Май 28, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад