«АЗ ПИРЯХҲО ТО ХОҶАГИДОРОН». Барои нуҳ давлат барномаи нав таҳия карда мешавад

Май 31, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ва Фонди иқлимии сабз таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» барои нуҳ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, инчунин се давлати Қафқоз- Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Покистон барномаи нав таҳияи карда мешавад, ки барои дастгирии он 3,5 миллиард доллар маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 30 май зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе ибрози назар намуд.

Баҳодур Шерализода баён дошт, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба макони баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил ёфтааст. Он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода афзуд, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби иштирокдорон, ки намояндагони баъзе аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошанд, барои дастгирии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аллакай тадбирҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Яке аз чунин механизмҳои татбиқи ин қатънома таъсис додани Фонди махсуси дастгирии давлатҳое мебошад, ки бо обшавии пиряхҳо рӯ ба рӯ гардидаанд.

Баҳодур Шерализода гуфт, ки “ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардиданд. Баргузории ин конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе бозгӯи ин гуфтаҳо аст. Имрӯз боиси ифтихори мо аст, ки Душанбе макони ин чорабинии сатҳи баланд гардидааст. Дар маросими ифтитоҳи конфронс меҳмонон пешниҳодҳояшонро доир ба роҳҳои ҳифзи пиряҳо аз обшавии босуръат баён доштанд”.

Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 12 ҷаласаи мавзуӣ баргузор карда мешавад.

Баҳодур Шерализода иттилоъ дод, ки дар ин конфронси сатҳи баланд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои байналмилалӣ гузаронида шаванд, то маълумот оид ба обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон ба тамоми давлатҳо дастрас гардида, аз рӯйи он хулосаҳо бароварда шаванд.

Бо дахли ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Баҳодур Шерализода изҳор намуд, ки “Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, ки дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи обу иқлим яке аз давлатҳои пешсаф маҳсуб мешавад. Қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мисоли барҷастаи ин гуфтаҳ аст. Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки дар Душанбе Маркази яхшиносӣ ташкил карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Котиби генералии ин созмон, ки дар конфронс иштирок дорад, дастгирӣ ёфт ва таъсиси ин марказ дар шаҳри Душанбе ба инобат гирифта шуд”.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
Масъалаи ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид