Ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо зиёда аз 120 волонтёр ҷалб карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо зиёда аз 120 волонтёри омӯзишдида барои таъминоти моддӣ, бақайдгирӣ, ҳамроҳӣ кардани ҳайатҳо, тарҷума, инчунин баргузории чорабиниҳои канорӣ барои ҷавонон ва чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тайёр кардани онҳо дар ҳамкории зич бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад. Ихтиёриёни кумита бо либоси ягона таъмин карда мешаванд. Волонтёрон на танҳо ёрдамчӣ, балки иштирокчиёни фаъоле мебошанд, ки қисми муколамаи муҳими байналмилалӣ мегарданд.
Инчунин дар назар аст, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо беш аз 300 нафар ҷавонону наврасон аз тамоми минтақаҳои мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намоянд. Дар форум намояндагони донишгоҳҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва мактабҳо, хусусан волонтёрон ва экологҳои фаъол иштирок менамоянд.
Барои ҷалби онҳо бо иштироки олимон, коршиносон ва шарикони байналмилалӣ мубоҳисаҳои интерактивӣ, ҷаласаҳои панелӣ, тренингҳо ва дарсҳои маҳорат ташкил карда мешаванд. Барои муколамаи фаъол шароит фароҳам оварда мешавад, то ҳар иштироккунанда тавонад андешаи худро баён кунад ва дар таҳияи пешниҳодҳои ҷавонон саҳм гузорад.
Ҳадаф- ташаккул додани маърифати экологӣ дар байни насли наврас ва нишон додани аҳамияти нақши он дар ҳифзи мероси табиии мамлакат мебошад.
Ҷавонони Тоҷикистон дар ин самт аллакай фаъолияти баланд нишон медиҳанд: ташаббусҳои ҷавонон оид ба тоза кардани рӯдхонаҳо, ниҳолшинонӣ, гузаронидани машварату ҳашарҳои экологӣ ва марафон аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонон ба ташаббусҳои рақамӣ: эҷоди видеоҳои маърифатии экологӣ, маъракаҳои онлайн ва инфографика оид ба таъсири тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд






