Бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо байни кӯдакону наврасон озмуни расмкашӣ доир гардид

Май 21, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе байни кӯдакону наврасон таҳти унвони «Пиряхҳоро наҷот медиҳем!» озмуни расмкашӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Филиали миллии Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмун ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) бахшида шуда, дар он кӯдакону  наврасони аз 9 то 14-сола иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии баргузории озмун шинос намудани кӯдакону наврасон бо муҳити зист, ҳифзи он ва ба таваҷҷуҳи ҷомеа расонидани хатари офатҳои табиӣ ва экологӣ дар натиҷаи обшавии пиряхҳо мебошад.

Кӯдакон дар нигораҳои худ нақши калидии пиряхҳоро дар нигоҳ доштани мувозинати экологии ҷаҳонӣ, инчунин  дар наҷоти минбаъдаи он ва ҳалли мушкилоти об инъикос намуданд.

Ҳайати ҳакамон баён доштанд, ки кӯдакону наврасон асарҳоро аз нигоҳи худ инъикос намудаанд, ки ин хеле ҷолиб аст.

Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид