Дар Абузабӣ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҳамоиш доир шуд

Май 16, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар остонаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2025) ва таҷлили 30- солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Маркази омӯзиш ва тадқиқоти стратегии Аморот бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов ва бо ҳузури намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимон, пажӯҳишгарон ва рӯзноманигорони маҳаллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, ҳамоиш аз се ҷаласаи мавзуӣ – «Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим», «30 соли муваффақи равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб» ва «Бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангӣ ва мутафаккирони таърихии халқи тоҷик» иборат буд.

Ашрафҷон Гулов  оид ба мавзуъҳои таъкидшуда маъруза намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти масъалаҳои обу иқлим, аҳаммият ва ҳадафҳои баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе, дастовардҳои муҳим, вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Аморот давоми 30 сол, хизматҳои шоёни мутафаккирон ва шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик, ба монанди Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ ҷалб намуд.


Дар робита ба ҳар ҷаласаи мавзуӣ наворҳои таърихӣ ва филмҳои ҳуҷҷатии кӯтоҳ ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва арабӣ дар толори баргузории ҳамоиш пахш гардида, сипас байни иштирокчиён муколамаи интерактивӣ ва пурсишу посух доир гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири пешбурди дипломатияи фарҳангӣ, муаррифии таърих ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нусхаҳои китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» бо забони арабӣ ба меҳмонон тақдим гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Май 16, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд