Дар доираи Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар Боғи кӯдакон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 1 июн- дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоиши ҳунару эҷод, бозиҳои фароғатию дилхушкунанда ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Имсол бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангию маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар пойтахт аз 26 май то 1 июни соли 2025 «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» эълон карда шудааст.
Дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми чоруми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз», мизи мудаввар дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон», мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






