Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз баъд аз ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукоти конфронс Қоҳир Расулзода ҷаласаи пленарӣ доир шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи пленарӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи илмӣ дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, пешгирии обшавии пиряхҳо, хусусан ифлосшавии муҳити зист, гузаронидани корҳои омӯзишӣ, экспедитсияҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баррасӣ карда шуданд.
Таъкид шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, хусусан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии пиряхҳо, 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсис ёфтани Фонди ҳифзи пиряхҳо бори дигар ҷаҳонро ба андешидани тадбирҳои муассир доир ба ин масъалаҳо водор менамоянд. Дар ҷаласаи пленарӣ қарорҳои марбута қабул ва баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Зимни конфронси сатҳи баланд Президенти Тоҷикистон барои коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо пешниҳод намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳон ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳими пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои рушди устувор диққати махсус зоҳир намоянд. Ҳамчунин бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он ҳамкорӣ бояд таҳким бахшида шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз Дидор Саъдуллоев








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






