Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон» зиёда аз 20 гӯша ташкил гардидааст
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон» зиёда аз 20 гӯша ташкил гардидааст, ки дар онҳо тавассути технологияи муосир иқтидори обию сайёҳии Тоҷикистон, манзараҳои дилфиреби он ва иншооти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон намоиш дода мешаванд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳҳо инчунин ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, миллии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, институтҳои молиявӣ, академияҳо, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.
Дар ин гӯшаҳо, ки тавассути технологияҳои муосир ва бо истифода аз зеҳни сунъӣ ташкил шудаанд, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, пешгирӣ ва идоракунии офатҳои марбут ба об, рушди гидроэнергетика ҳамчун манбаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия ва амалӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об нишон дода мешавад.
Меҳмонон зимни тамошои манзараҳои ҷолибу дилфиреб ва нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, Зарафшон, Ҳисор, кӯли Сарез, дарёи Сиёма, неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак» ва олами бойи набототу ҳайвонот, ки тавассути барнома пешниҳод гардиданд, ба ваҷд омада, мафтуни манзараҳои нотакрори Тоҷикистон шуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ифтитоҳи конфронс, ки дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, сарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, пас аз он конфронс дар шакли иҷлосияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва «мизҳои мудаввар» идома меёбад.
Дастгирии иттилоотии баргузории чорабинӣ аз ҷониби беш аз 500 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 150 намояндаи расонаҳои маъруфи хориҷӣ, аз қабили «Ал-Ҷазира», «Euronews», «TRT-Avaaz», «France-Presse», «ИТАР-ТАСС» ва дигарон таъмин карда мешавад. Барои фаъолияти онҳо дар «Кохи Сомон» маркази муосири матбуотии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва интернети баландсуръат ташкил карда шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






