Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон» таҳти унвони «Аз пиряхҳо то баҳр: пиряхҳо, қабати барф ва дастрасӣ ба об дар шароити тағйирёбии иқлим» ҷаласаи мавзуии дуюм баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҷаласа ба пайомадҳои иҷтимоию иқтисодии коҳиш ёфтани пиряхҳо ва қабати барф, бахусус дар он минтақаҳое, ки аз ҷорӣ шудани оби барфу пирях дар мавсими муайян вобастагии сахт доранд, ба монанди Осиёи Марказӣ, шимоли Покистон ва ғарби Перу бахшида шуд.
Коршиносон иброз доштанд, ки обшавии пиряхҳо на танҳо ба минтақаҳои наздик, балки ба таъмини оби минтақаҳое, ки садҳо километр поёнтар аз ҷараён ҷойгиранд, таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин раванд хатари ҷиддӣ барои соҳаҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика ва рушди устувор дар кишварҳои кӯҳистон мебошад, ки дар он ҷо оби пиряхҳо ҳам дар иқтисод ва ҳам дар зиндагии рӯзмарра нақши калидӣ мебозад.
Дар ҷаласа мавзуъҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба таъминоти об ва гидроэнергетика, истифодаи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун нуқтаи оғозёбанда барои ҷалби кӯшишҳо, зарурати таҳияи ҳалли мушаххас ва ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об, густариши таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш дар бораи криосфера, идоракунии устувори захираҳои об дар шароити босуръат бадтар шудани буҳрони иқлимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласа олимон, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи захираҳои обро бо ҳам муттаҳид намуд. Иштирокчиён зарурати ҳамкорӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавиро таъкид намуданд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи дастрасӣ ба об ҳам дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳам дар минтақаҳои ҳамвор мебошад.
Дар назар аст, ки натиҷаҳои мавзуъҳои баррасишуда асос барои ташаббусҳои минбаъда ҷиҳати таъмини амнияти обӣ дар шароити тағйироти шадиди иқлим хоҳанд буд.
Конфронси Душанбе дар пешбурди рӯзномаи иқлимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо — яке аз муҳимтарин манбаъҳои оби нӯшокии Замин нақши арзанда мегузорад.
Бояд гуфт, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.
Дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд






